Маҳви яке аз пешвоёни «Давлати исломӣ» дар Афғонистон

Дар ҷараёни амалиёти муштараки низомиёни ИМА ва Афғонистон раҳбари шохаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон Шайх Абдулҳасиб рӯзи 27 апрел кушта шуда, вале Вазорати мудофиаи ИМА (Пентагон) танҳо ҳозир ин маълумотро тасдиқ кард. Хабаргузории Reuters бо истинод ба фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон Ҷон Николсон дар ин робита менависад, Абдулҳасиб дар шарқи Афғонистон нобуд […]

Дар ҷараёни амалиёти муштараки низомиёни ИМА ва Афғонистон раҳбари шохаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон Шайх Абдулҳасиб рӯзи 27 апрел кушта шуда, вале Вазорати мудофиаи ИМА (Пентагон) танҳо ҳозир ин маълумотро тасдиқ кард.

Хабаргузории Reuters бо истинод ба фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон Ҷон Николсон дар ин робита менависад, Абдулҳасиб дар шарқи Афғонистон нобуд шуда, ба низомиён ҳамчунин авиатсия ва ҳавопаймоҳои бесарнишин кумак кардаанд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, боз чанде аз раҳбарони минтақавии гурӯҳ ва 36 нафар ҷангиёни қаторӣ низ кушта шудаанд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ кушта шудани раҳбари шохаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон Шайх Абдулҳасибро эълон кардааст.

Қобили зикр аст, ки Абдулҳасиб баъди бар асари зарбаҳои ҳавоии ИМА нобуд шудани Ҳафиз Саид Хон – пешвои пешинаи Давлати исломӣ дар Покистону Афғонистон ба ин мансаб расида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.