Кумаки Русия ба Тоҷикистон дар маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ

Вазорати мудофиаи Русия ба Тоҷикистон дар баргузории маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ кумак карда, ҳавопаймоҳои ин кишвар беш аз 1 ҳазор нафар наваскаронро ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ интиқол доданд. Бино ба маълумоти сомонаи Вазорати мудофиаи Русия, интиқоли наваскарони даъватшуда аз Душанбе ба вилояти Суғдро ҳавопаймоҳои Ил-76-и Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия ба иҷро расонида, ба […]

Вазорати мудофиаи Русия ба Тоҷикистон дар баргузории маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ кумак карда, ҳавопаймоҳои ин кишвар беш аз 1 ҳазор нафар наваскаронро ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ интиқол доданд.

Бино ба маълумоти сомонаи Вазорати мудофиаи Русия, интиқоли наваскарони даъватшуда аз Душанбе ба вилояти Суғдро ҳавопаймоҳои Ил-76-и Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия ба иҷро расонида, ба қисмҳои ҳарбии мустақар дар наздикии Хоруғ ва Мурғоб наваскаронро чархболҳои Ми-8-и ҳайати гурӯҳи авиатсионии пойгоҳи низомии ин кишвар бурдаанд.

Таъкид мешавад, ки ин парвозҳо бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар робита ба вазъи мушкили роҳҳо бар асари ҳодисаҳои фаромадани ярчу сел ва сангреза, ки гармии беҳад ба ин боис гардид, ба анҷом расонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Айни замон нақшаи даъват дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе пурра иҷро шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.