Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Маскав раҳсипор шуд

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 26-май доир мегардад, ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи мазкур баррасии 19 масъала, […]

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки санаи 26-май доир мегардад, ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи мазкур баррасии 19 масъала, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиш, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихӣ ва фарҳангӣ дар бахши ҳарбӣ, густариши ҳамкориҳои мақомоти низомии кишварҳо дар соҳаи омодагии ҷангӣ ва таълими саҳроӣ, эътирофи муштараки рутбаҳои ҳарбии таъиншуда дар кишварҳои узви Иттиҳод, ҳамкорӣ дар таъмини парвозҳои авиатсияи нерӯҳои мусаллаҳ ва таъмини бехатарии онҳо дар назар аст.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин Нақшаи амалисозии Консепсияи рушди низоми ягонаи геоиттилотии таъиноти низомӣ, чорабиниҳои муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳо дар соли 2018, масоили баргузории размоишҳои муштараки низоми муттаҳидаи зиддиҳавоӣ таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ-2017» (Боеове содружество-2017) баррасӣ мешаванд.

Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ соли 1992 таъсис ёфта, ба ҳайати он намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дохил мешаванд. Ҳамчунин дар кори ин Шӯро намояндагони давлатҳои Молдова, Туркманистон ва Украина низ ширкат меварзанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.