Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубори ғарбӣ фаро мегирад

Asia-Plus

Ба Тоҷикистон вазиши шамоли шиддатнок аз самти ғарб ва тӯфони чангу ғубор пешбинӣ шуда, обуҳавошиносон тӯфонро дар қаламрави кишвар аллакай шоми имрӯз пешгӯӣ мекунанд.

«Баъзан суръати вазидани шамоли ғарбӣ 21-26 м/сонияро ташкил медиҳад, ки тӯфони чангу ғуборро ҳамроҳ хоҳад дошт», – хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Обуҳавошиносон зикр мекунанд, ки дар ин вақти сол вуруди тӯфони чангу ғубор аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон хос буда, он миёни мардум бо истилоҳи «боди афғонӣ» маъруф аст.

Обуҳавои ноустувор то охири ҳафта пешбинӣ гардида, ду рӯзи наздик боронҳои кӯтоҳмуддати баъзан шадид ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест ва рӯзона поинравии ҳарорат то 8-10 дараҷа имкон дорад.

«Дар робита ба боронҳои шадиди пешбинишуда, дар дарёҳо болоравии сатҳи об, ҳодисаҳои соҳилшӯӣ низ имкон дошта, рӯзҳои 30-31 май дар ноҳияҳои доманакӯҳ хатари селфароӣ вуҷуд дорад», – огоҳ мекунанд обуҳавошиносон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...