Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубори ғарбӣ фаро мегирад

Ба Тоҷикистон вазиши шамоли шиддатнок аз самти ғарб ва тӯфони чангу ғубор пешбинӣ шуда, обуҳавошиносон тӯфонро дар қаламрави кишвар аллакай шоми имрӯз пешгӯӣ мекунанд. «Баъзан суръати вазидани шамоли ғарбӣ 21-26 м/сонияро ташкил медиҳад, ки тӯфони чангу ғуборро ҳамроҳ хоҳад дошт», – хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Обуҳавошиносон зикр мекунанд, ки дар ин вақти сол вуруди […]

Ба Тоҷикистон вазиши шамоли шиддатнок аз самти ғарб ва тӯфони чангу ғубор пешбинӣ шуда, обуҳавошиносон тӯфонро дар қаламрави кишвар аллакай шоми имрӯз пешгӯӣ мекунанд.

«Баъзан суръати вазидани шамоли ғарбӣ 21-26 м/сонияро ташкил медиҳад, ки тӯфони чангу ғуборро ҳамроҳ хоҳад дошт», – хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Обуҳавошиносон зикр мекунанд, ки дар ин вақти сол вуруди тӯфони чангу ғубор аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон хос буда, он миёни мардум бо истилоҳи «боди афғонӣ» маъруф аст.

Обуҳавои ноустувор то охири ҳафта пешбинӣ гардида, ду рӯзи наздик боронҳои кӯтоҳмуддати баъзан шадид ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест ва рӯзона поинравии ҳарорат то 8-10 дараҷа имкон дорад.

«Дар робита ба боронҳои шадиди пешбинишуда, дар дарёҳо болоравии сатҳи об, ҳодисаҳои соҳилшӯӣ низ имкон дошта, рӯзҳои 30-31 май дар ноҳияҳои доманакӯҳ хатари селфароӣ вуҷуд дорад», – огоҳ мекунанд обуҳавошиносон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.