Овозхони ӯзбек таронаи навашро ба Шавкат Мирзиёев бахшид

Ҳунарманди синамо ва овозхони 49-солаи ӯзбек Дилфуза Исмоилова таронаи "Бигзор, султони ин сарзамини зебо солим бошад"-ро ба президент Шавкат Мирзиёев бахшид. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, матни суруд ба шоир Тоҳир Муҳаммад ва оҳанги он ба оҳангсоз Рустам Тулашов тааллуқ доранд. Исмоилова мегӯяд, ин тарона моҳи декабри соли 2016, баъди президенти Ӯзбекистон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳунарманди синамо ва овозхони 49-солаи ӯзбек Дилфуза Исмоилова таронаи "Бигзор, султони ин сарзамини зебо солим бошад"-ро ба президент Шавкат Мирзиёев бахшид.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, матни суруд ба шоир Тоҳир Муҳаммад ва оҳанги он ба оҳангсоз Рустам Тулашов тааллуқ доранд. Исмоилова мегӯяд, ин тарона моҳи декабри соли 2016, баъди президенти Ӯзбекистон интихоб шудани Мирзиёев "бо амри дил" суруда шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=jZnGv8USTMY

"Ҳамроҳ бо Тоҳир Муҳаммад аз дидани корҳои неки президентамон Шавкат Мирзиёев ба ваҷд омада, таҳияи сурудро оғоз кардем. Тоҳирҷон як матни хуб навишту оҳанги онро Рустам Тулашов сохт ва мо онро моҳи декабр сабт карда, клиперо ҳам ба навор гирифтем ва ба шабакаҳои телевизионӣ пешниҳод кардем", – афзуд Исмоилова.

Узви Иттиҳоди оҳангсозони Ӯзбекистон мусиқишинос Равшанбек Матжонов мегӯяд, дар давраи президенти нахустини ин кишвар Ислом Каримов таҳияи сурудҳои ситоишӣ ташвиқ намешуданд ва ҳатто бархеи овозхонҳо барои ин гуна таронаҳояшон ҷазо мегирифтанд.

"Сурудҳои ситоишӣ ба эфири телевизионҳои асосӣ ва чорабиниҳои расмии консертӣ роҳ намеёфтанд. Мурод Муҳаммад Дӯст, сухангӯи президенти нахустини Ӯзбекистон ва мушовири давлатӣ Хайриддин Султонов хондани ин гуна таронаҳоро манъ карда буданд. Албатта, бархеи сарояндаҳо мехонданд, вале онҳоро ба саҳнаи бузург роҳ намедоданд", изҳор дошт Матжонов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.