Дар Ӯзбекистон сармоягузорони хориҷӣ аз чӣ шикоят доранд?

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон сабабҳои кам будани сармояи хориҷиро шарҳ дод. Дар ин бора вай дар ҷаласаи палатаи болоии порлумони Ӯзбекистон изҳори назар кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вазири ӯзбек гуфтааст, сабабҳои кам будани сармояи хориҷӣ ба масъалаҳое монанди мубодилаи асъор ва мавҷуд набудани имкони баҳрагирии такрорӣ, нуқсонҳои низоми […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон сабабҳои кам будани сармояи хориҷиро шарҳ дод. Дар ин бора вай дар ҷаласаи палатаи болоии порлумони Ӯзбекистон изҳори назар кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вазири ӯзбек гуфтааст, сабабҳои кам будани сармояи хориҷӣ ба масъалаҳое монанди мубодилаи асъор ва мавҷуд набудани имкони баҳрагирии такрорӣ, нуқсонҳои низоми қарзҳои бонкӣ, ба таври бояду шояд муҳофизат нашудани ҳуқуқи сармоягузорон ва камбудҳои низоми додгоҳӣ, монеаҳои идорӣ ва рейтинги пасти сармоягузорӣ рабт дорад.

Комилов ҳамчунин зикр кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои марбутаи Ӯзбекистон лоиҳаи Барномаи давлатии чораҳои аввалияи такмили фазои сармоягузориро омода сохта, ба президенти ин кишвар пешниҳод кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.