Дар Тоҷикистон ҳоло ҳам касе ба бонкҳо бовар дорад?

Ҳудуди 14 фоизи тоҷикистониён ҳанӯз ҳам омодаанд, ки маблағҳои пасандозкардаи худро ба сифати амонат дар бонкҳо нигоҳ доранд. Чунин аст натиҷаи назарсанҷии БМТ. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тариқи назарсанҷии он-лайн сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишварро месанҷад. Дар назарсанҷӣ ба мардум дар бораи тарзҳои нигоҳдории амонатҳо савол дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои кунунии назарпурсӣ 62 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳудуди 14 фоизи тоҷикистониён ҳанӯз ҳам омодаанд, ки маблағҳои пасандозкардаи худро ба сифати амонат дар бонкҳо нигоҳ доранд. Чунин аст натиҷаи назарсанҷии БМТ.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тариқи назарсанҷии он-лайн сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишварро месанҷад. Дар назарсанҷӣ ба мардум дар бораи тарзҳои нигоҳдории амонатҳо савол дода мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои кунунии назарпурсӣ 62 фоизи пурсидашудагон посух додаанд, ки ҳеҷ гуна амонате надоранд ва аз маош то маош зиндагӣ мекунанд. Тақрибан 15 фоизи аҳолӣ чунин мешуморанд, ки тарзи беҳтарини нигаҳдории пасандозҳо «дар хона зери болишт» аст.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки 14%-и пурсидашудагон ҳоло ҳам ба низоми бонкӣ бовар доранд ва омодаанд, ки пасандозҳои худро ба сифати амонат дар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ доранд.

Дар ҳамин ҳол, 9 фоизи посухдодагон бар ин назаранд, ки пулҳоро нигоҳдорӣ кардан лозим нест: «масраф кардан даркор аст ва бо ҳузуру ҳаловати бисёр, зеро танҳо як бор зиндагӣ мекунем».

Қобили зикр аст, ки баъди соли гузашта ба мушкилоти молӣ дучор гардидани чанде аз бонкҳои кишвар, эътимоди мардум ба низоми бонкии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза кам шуд. Дар натиҷа ду бонк муфлис эълон шуда, боз ду бонки дигари низомсоз ба туфайли кумаки ҳукумат ба фаъолияташон идома медиҳанд. Саҳҳомони бонкҳои дучори мушкилот то ҳол пасандозҳои худро пурра гирифта наметавонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.