Ҷавонон асосҳои журналистикаро омӯхтанд

Синну соли журналисти чандрасонаӣ дар шимоли Тоҷикистон боз ҳам  ҷавонтар мегардад, агар минбаъд 20 нафар хонандагони макотиби вилоят дониши андӯхтаи худро дар амал татбиқ намоянд.   Аз 26 то 28 майи соли равон дар бинои таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон  тренинги омӯзишӣ оид ба «Асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ» баҳри 20 нафар хонандагони […]

Зебоҷон Курбонова, корманди АЗИТ

Синну соли журналисти чандрасонаӣ дар шимоли Тоҷикистон боз ҳам  ҷавонтар мегардад, агар минбаъд 20 нафар хонандагони макотиби вилоят дониши андӯхтаи худро дар амал татбиқ намоянд.  

Аз 26 то 28 майи соли равон дар бинои таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон  тренинги омӯзишӣ оид ба «Асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ» баҳри 20 нафар хонандагони макотиби ҷамоатҳои наздисарҳадии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадаф аз он ба роҳ мондани ғояи сулҳофаринӣ ва тарбияи онҳо ба ҳайси паёмовари сулҳу дӯстӣ дар байни ҳамсолонашон ба василаи маводи чандрасонаӣ мебошад. 

Сайҳона Бадалова, хонандаи мактаби №8 деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд:

-Дар тренинг мо навиштани матни журналистӣ, аксбардорӣ, сабт ва коркарди аудиову видеоро омӯхтем. Дар баробари ин, аз рисолати бузурги журналист ва меъёрҳои одоби касбӣ огоҳ шудем. Хушҳолам, ки минбаъд мо метавонем ҷамъомадҳои ду кишварро, ки дар деҳаамон доир мешаванд инъикос намоем.

-Натанҳо инъикос, балки тарзи дурусти пешниҳоди маводро аз худ кардем, – мегӯяд Исоқ Тиллоев, иштирокчии дигари тренинг.

-Ҳар гоҳе маводи журналистиро оид ба ҳамкории тоҷикону қирғиз мехондам, мушоҳида мекардам, ки рӯзноманигорон баъзе нуктаҳои муҳимро сарфи назар кардаанд. Афсӯс мехӯрдам, ки қобилияти навиштан надорам. Акнун ин масъала ҳалли худро дарёфт. Имрӯз бо он донишу маҳорате ки дар ин тренинг омӯхтам, ман метавонам суханамро то ба мардум расонам.

Дар доираи тренинги омӯзишии «Асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ» иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, чаҳор маводи чандрасонаӣ дар бобати таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ ва сулҳ омода намуданд, ки минбаъд дар сомонаи АЗИТ ва дигар ВАО нашр хоҳанд шуд. 

Дар доираи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад!» тренинги омӯзишии «Асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ» саввумин марҳилаи омӯзиш оид ба соҳаи журналистика мебошад.

Лоиҳаи мазкур, бо маблағгузории Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ аз моҳи октябри соли 2016 то ин ҷониб, аз тарафи Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон (АЗИТ) дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилоят ва бахшҳои он, инчунин шӯъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳои хостории наздисарҳадии вилояти Суғд: Исфара ва Бобоҷон Ғафуров амалӣ мешавад. Ҳамчун минтақаҳои мақсаднок ҷамоатҳои Чоркуҳ, Сурх, Лаккон, Хистеварз ва Овчи Қалъача интихоб гардида, пайваста чорабиниҳо баҳри ба вуҷуд овардани эътимод, муносибатҳои дӯстона ва рушди дипломатияи ҷамъиятӣ бо ҷалби наврасону ҷавонони синни 14-20 сола ва омӯзгорони онҳо доир мешаванд.  

АЗИТ бовар дорад, заминаҳое, ки лоиҳа барои ба вуҷуд овардани фазои сулҳу оромӣ дар минтақаҳои марзӣ фароҳам овардааст, то абад побарҷой хоҳад монд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.