Барои беҳбуди фурудгоҳи Душанбе Япония 4 млн. доллар ҷудо мекунад

Агентии ҳамкории байнулмилалии Япония (JICA) баҳри амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, марҳилаи 2» 356 млн. йен (ҳудуди 3,9 млн. доллар) маблағ ҷудо мекунад. Бино ба маълумоти сомонаи Вазорати молияи ҶТ, рӯзи 31 май миёни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байнулмилалии Япония (JICA) аз рӯи лоиҳаи «Беҳбуди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, марҳилаи 2» созишномаи грантӣ ба имзо […]

Asia-Plus

Агентии ҳамкории байнулмилалии Япония (JICA) баҳри амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, марҳилаи 2» 356 млн. йен (ҳудуди 3,9 млн. доллар) маблағ ҷудо мекунад.

Бино ба маълумоти сомонаи Вазорати молияи ҶТ, рӯзи 31 май миёни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байнулмилалии Япония (JICA) аз рӯи лоиҳаи «Беҳбуди Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, марҳилаи 2» созишномаи грантӣ ба имзо расид.

Қобили зикр аст, ки барои амалисозии марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур, ки созишномааш 29 сентябри соли 2014 ба имзо расида буд, JICA 1,9 млрд. йен (17 млн. доллар) маблағ ҷудо карда буд.

Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа сохтмон ва насби таҷҳизоти зурурӣ барои терминали боркашонӣ ва афзоиши имконоти идоракунӣ ва қабули ҳавопаймоҳо дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе унвон мешавад.

Созишномаи дар боло зикршуда аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва роҳбари JICA дар Тоҷикистон Хидеки Танабе ба имзо расонида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.