Ҳавопаймои «Turkmenistan Airlines» ба Душанбе фуруд омад

Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии миллии Туркманистон – «Turkmenistan Airlines»  имрӯз ба шаҳри Душанбе фуруд омад. Парвози озмоишӣ бо хатсайри Ашқобод – Душанбе – Ашқобод беш аз 100 нафар мусофирон – намояндагони як қатор вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистонро ба Душанбе овард.

Тавре хабаргузории давлатии ТДХ иттилоъ медиҳад, имрӯз дар Душанбе намояндагони хатсайрҳои ҳавоии Туркманистон ва ҶСК «Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон» бо ҳамтоҳои тоҷики худ масъалаҳои роҳандозии хатсайри мунтазами ҳавоӣ миёни Ашқобод ва Душанберо баррасӣ мекунанд.

Гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон баргузор мешаванд, ки дар он ҳамчунин ба масолии таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки ҳамин рӯз «Боинг»-и мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Turkmenistan Airlines» бо ҳайати ҳунармандону эҷодкорони Тоҷикистон бозпас ба Ашқобод бармегардад. Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ширкат хоҳад варзид, ки аз 12 то 15 июн дар Ашқобод ва дигар шаҳрҳои ин кишвар доир мегардад.

Ширкати ҳавопаймоии «Turkmenistan Airlines» соли 1992 таъсис ёфта, ба 16 шаҳрҳои ҷаҳон – – Анқара, Амритсар, Алмаато, Бангкок, Бирмингем, Деҳлӣ, Дубай, Қазон, Лондон, Минск, Москва, Пекин, Париж, Санкт-Петербург, Истамбул ва Франкфурти назди Майн мунтазам парвозҳо анҷом медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...