Ба Навалний барои ҳузур дар тазоҳуроти зиддифасод фурсат надоданд

Asia-Plus

Пеш аз оғози тазоҳуроти зиддифасод дар шаҳри Маскав, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати имрӯзаи Русия Алексей Навалний боздошт шуд. Тавре «Медуза» хабар медиҳад, дар ин бора ҳамсари ӯ дар твиттер навиштааст. Ҳамин тариқ ба ӯ имкон надодаанд, ки дар тазоҳуроти зиддифасод ширкат варзад.

Имрӯз, 12 июн Рӯзи Русия ҷашн гирифта шуда рӯзи истироҳат аст ва дар қатори чорабиниҳои расмии ҷашнӣ, тарафдорони Алексей Навалний тазоҳуроти зиддифасод низ баргузор карданианд.

Ин тазоҳуротҳо дар майдонҳои марказии шаҳрҳои Русия – аз Владивосток то Калининград мегузаранд. То соати 13:00 ба вақти Маскав ҳудуди 40 нафар иштирокчиёни ин гирдиҳамоиҳо боздошт шудаанд.

Бино ба маълумоти сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Дар чандин шаҳру вилояти Русия ба муносибати Рӯзи Русия бо ширкати тарафдорони сиёстмадор Алексей Навалний раҳпаймоиҳои зиддикоррупсионӣ баргузор шуданд. Даҳҳо нафар аз ширкаткунандагони ин тазоҳуротро пулис боздошт намуд.

Дар маркази шаҳри Владивосток байни тазоҳуркунандагон ва сарбозони пулиси таъйиноти махсус задухӯрд ба амал омад. Пулис 11 нафар, аз ҷумла фаъоли ҷамъиятӣ Максим Шинкаренкоро, ки шиори "Дафъ шав, Димон"-ро дар даст дошт, ба ҳабс гирифт. Дар пароканда кардани тазоҳуроте, ки мақомоти шаҳр онро ғайриқонунӣ меноманд, казакҳо низ ширкат карданд.

Дар Благовешенск дар гирдиҳамоии бе машварат бо мақомот чаҳор тан боздошт шуданд. Яке аз онҳо шиори "Русия бе коррупсия" дар даст дошт.

Ҳукумати шаҳри Қазон ба мухолифон иҷоза дод, дар канораи шаҳр ва танҳо соати 7-и субҳ тазоҳурот кунанд, аммо созмондиҳандаи раҳпаймоиро боздошт намуд. Дар тазоҳурот наздики 400 нафар ширкат намуд. Гирдиҳамоиҳо дар Барнаул, Красноярск, Новосибирск, Улан-Удэ ва Хабаровск низ баргузор шуданд.

Як рӯз пеш Алексей Навалний эълом дошт, ки тазоҳуроти боиҷоза дар хиёбони Сахарови Москва мумкин аст, ба иллати фишори мақомот, ки истифодаи садобар ва лавҳаҳои видеоиро манъ кардаанд, баргузор нашавад. Вай аз тарафдоронаш хост, тазоҳуроти осоиштаро дар кӯчаи Тверской, наздикии Кремл барпо кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...