Кормандони КҲФ ду мардро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Asia-Plus

Ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ муссар шуд, ки ду марди калонсолро аз ғарқшавӣ дар обанбори Қайроққум наҷот диҳанд.

«Зимни рондани гидросикл дар обанбор, онҳо аз уҳда идораи он набаромада, гидросикл чаппа шуд ва мардҳо зери он монданд, – хабар дод сухангӯи КҲФ Умеда Юсуфова. – Наҷотдиҳандагони Кумита саривақт инро мушоҳида ва ҷабрдидагонро ба соҳил бароварда, сипас онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд».

Тибқи маълумоти оморӣ, қайд мекунад Юсуфова, сабабҳои асосии ғарқшавии одамон дар дарёву кӯл ва обанборҳо шахсан интизомро риоя накардан аз ҷониби онҳо, бовари беҳад зиёд ба худ, оббозӣ дар ҳолати мастиву сархушӣ аз машрубот, қобилияти шиноварӣ надоштан, оббозӣ дар ҷойҳои пешбининашуда, таваҷҷуҳ зоҳир накардани волидон ба кӯдакон аст.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар иншооти обӣ КҲФ ба сокинону меҳмонони кишвар якчанд тавсияҳо медиҳад:

– танҳо дар ҷойҳои барои оббозӣ пешбинишуда шиноварӣ кунед;

– дар ҳолати сархушӣ аз машрубот ё маводи нашъаовар ба об надароед;

– дар наздикии қайиқу гидросиклҳои ҳаракатдошта оббозӣ накунед;

– дар ҷойи номаълум ба об паридану ғута задан хатарнок аст;

– дар назди иншооти обӣ кӯдаконро беназорат нагузоред;

– ба аломатҳои огоҳкунанда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онрҳоро ҳатман риоя намоед.

 Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...