БМТ сабикаҳои ченакии тиллоро ба муомилот баровард

Дафтари матбуоти БМТ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) сабикаҳои ченакии тиллоро, ки дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA), тайёр карда шудаанд, ба муомилот баровард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, нархи фурӯши сабикаҳо  тилло барои 1 унсияи трой (31,1034768 грамм), ки мутобиқи қайди (фиксинги) пагоҳирӯзии Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон дар рӯзи гузашта муқаррар карда мешавад.

Ғайр аз ин, дар муайян кардани нарх хароҷотҳои воқеӣ барои тайёр намудани сабикаҳои ченакӣ (бо тарҳи арзиши металли қиматбаҳо), хароҷоти нақлиёт, суғурта, барасмиятдарории гумрукӣ ва ғайра низ ба инобат гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, сабикаҳои ченакӣ аз ҷониби Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории БМТдар шаҳри Душанбе ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фурӯхта мешавад.

Барои харидани сабикаҳои ченакӣ ва бозфурӯши онҳо шахсони ҳуқуқӣ – ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи шахси ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бояд пешниҳод намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки фурӯши сабикаҳои чинакии тилло бо арзи миллӣ – сомонӣ сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...