Боздошти се тоҷикистонӣ дар Бишкек. Бо дархости Тоҷикистон

Akhbor.com

Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки баъди бо корд задани як сокини Хуҷанд ба Қирғизистон фирор карда буданд, рӯзи 11 июн дар як қаҳвахона дар шаҳри Бишкек дастгир шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар додааст.

Бино ба иттилои расонаи мустақили Ахбор (Akhbor.com), ин се нафар соати якуними шаби 7 июн дар шаҳри Хуҷанд як сокини ин шаҳрро бо корд захмӣ карда, сипас аз Тоҷикистон фирор кардаанд. Ба зидди онзо бар асоси қисми сеюми моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (авбошӣ бо истифода аз силоҳ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Дар рафти тафтиш маълум шудаанд, ки ҳар се ҳамлагар худи ҳамон рӯзи 7 июн тавассути марзи вилоятҳои Суғду Бодканд ба Қирғизистони ҳамсоя фирор кардаанд.

Мақомоти милисаи Суғд барои пайдо кардани ин гумонбарон ба милисаи вилояти Бодканд муроҷиат кардааст. Тафтиши баъдӣ аз сӯи мақомоти Бодканд нишон додааст, ки се шаҳрванди фирории Тоҷикистон аз инҷо ба шаҳри Бишкек рафтаанд ва қасд доштаанд, ки аз онҷо боз ба ягон кишвари дигари СНГ фирор кунанд.

Ҳарсе боздоштшударо алакай аз Бишкек ба вилояти Бодканд фиристодаанд. Масъалаи супурдани онзо ба ҷониби Тоҷикистон дар ин вилояти ҳаммарз бо вилояти Суғд ҳаллуфасл хоҳад шуд.

Ба ин се нафар дар сурати истирдодашон дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятӣ аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...