Унвони мушовири давлатии адлия ба Озода Раҳмон

Радиои Озодӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба духтараш Озода Раҳмон, ки ҳоло раиси дастгоҳи иҷроияи президент аст, унвони мушовири давлатии адлия додааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин унвон мартабаи баланд дар низоми додгустарӣ ба ҳисоб меравад. Қарор дар ин заминаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми майи имсол ба имзо расондааст.

Гуфта мешавад, Озода Раҳмон, ки соли 2016 раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд, расо 5 сол пеш аз гирифтани ин унвон, 25-уми майи соли 2012 диссертатсияи номзадиаш дар мавзӯи “Инкишофи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои зан дар Тоҷикистон”-ро ҳимоят кард ва номзади илми ҳуқуқшиносиро гирифт.

Духтари 38-солаи раиси ҷумҳур, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, ба ғайр аз мартабаи мушовири давлатии адлия, рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад, чун дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико, дар вазорати умури хориҷӣ кор кардааст ва муовини вазир ҳам буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...