Дабири кулли СММ яке аз кӯлҳои зеботарини сайёраро тамошо кард

Рӯзи душанбе Дабири кулли СММ аз Помир боздид намуда, яке аз мавзеъҳои зеботарини Тоҷикистон – кӯли Сарезро тамошо кард. Дар ин боздид Антониу Гутерришро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳамроҳӣ кард. Бино ба гуфтаи котиби матбуотии Дабири кулли СММ, дар роҳи сафар ба кӯли Сарез ӯ аз мушоҳидаҳояш зимни парвоз дар фазои Помир ба […]

Аксҳо аз Тоҳирҷон Саидов

Рӯзи душанбе Дабири кулли СММ аз Помир боздид намуда, яке аз мавзеъҳои зеботарини Тоҷикистон – кӯли Сарезро тамошо кард. Дар ин боздид Антониу Гутерришро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳамроҳӣ кард.

Бино ба гуфтаи котиби матбуотии Дабири кулли СММ, дар роҳи сафар ба кӯли Сарез ӯ аз мушоҳидаҳояш зимни парвоз дар фазои Помир ба шигифт омадааст.

«Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки дар Тоҷикистон мушоҳида кардааст, мутаассир шудааст. Ҳудуди 30%-и пиряхҳо дар ин кишвар аллакай об шудаанд», – гуфтааст сухангӯи СММ дар брифинги Ню-Йорк.

Зимни сафар Антониу Гутерриш бори дигар аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба мубориза бо тағйирёбии иқлим тақвият бахшанд, зеро «инсоният ба аз даст додани вақт ҳуқуқ надорад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.