Бохти дуюми Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2019

Вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни  дастаҳои  футболи Тоҷикистон ва Филиппин, ки шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 15 ҳазор нафар мухлисон доир гардид, бо шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Филиппин бо ҳисоби 3 бар 4 анҷом пазируфт. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бохти дуюми мунтахаби […]

Asia-Plus

Вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни  дастаҳои  футболи Тоҷикистон ва Филиппин, ки шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 15 ҳазор нафар мухлисон доир гардид, бо шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Филиппин бо ҳисоби 3 бар 4 анҷом пазируфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бохти дуюми мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 аст. Дар бозии аввал низ футболбозони тоҷик аз дастаи Яман бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрда буданд.

Гуфта мешавад, бозии дигари дастаҳои Непал ва Яман дар ин гурӯҳ мусовӣ – 0 бар 0 анҷом ёфта, баъди ду давр дар гурӯҳи «F» бо 6 имтиёз тими Филиппин пешсаф аст. Зинаи дуюмро бо 4 имтиёз дастаи Яман ва мақоми сеюмро бо 1 имтиёз дастаи Непал ишғол мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охири ҷадвал қарор дорад.

Бозиҳои навбатии мунтахаби Тоҷикистон 5 сентябр дар Катманду бо тими Непал доир гардида, ҳамин рӯз футболбозони Филиппин дар майдони худ дастаи Яманро қабул мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста  имсол дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд. Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.