Анҷоми рисолати дипломатии сафири Олмон дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Холгер Грэнро бинобар анҷомёбии рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи бадастомадаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Гуфта мешавад, ҳамсӯҳбатон ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Холгер Грэнро бинобар анҷомёбии рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи бадастомадаи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ҳамсӯҳбатон ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Сироҷиддин Аслов аз фаъолияти самараноки сафири Олмон дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.

Қобили зикр аст, ки Холгер Грен моҳи августи соли 2013 сафири Олмон дар Тоҷикистон таъин шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.