Гуфтушуниди вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Туркманистон

Дар доираи баргузории ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи амалисозии Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бо терроризм дар шаҳри Ашхободи Туркманистон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири корҳои дохилии Туркманистон Исгендер Муликов гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор […]

Asia-Plus

Дар доираи баргузории ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи амалисозии Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бо терроризм дар шаҳри Ашхободи Туркманистон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири корҳои дохилии Туркманистон Исгендер Муликов гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар соҳаи мубодилаи ахбори оперативӣ ва оид ба ҷинояткориҳои фаромиллӣ зарур шумориданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати аз нав коркард намудани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба як қатор пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.

Зикр гардид, ки мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои муташаккил ҳамкориҳои муштаракро тақозо намуда, дар ин самт муносибатҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.