Дар Душанбе аттраксион шикаст: 11 нафар маҷрӯҳ шуданд

Шаби 13 июн дар Боғи Нишони Давлатӣ (паҳлӯи Кохи Миллат)-и шаҳри Душанбе дар яке аз аттраксионҳо ё худ алвонҷак (ба шакли қаиқ) садама рух дода, 11 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, баъди анҷоми бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Филиппин дар Варзишгоҳи марказӣ, як гурӯҳи ҷавонон […]

Asia-Plus

Шаби 13 июн дар Боғи Нишони Давлатӣ (паҳлӯи Кохи Миллат)-и шаҳри Душанбе дар яке аз аттраксионҳо ё худ алвонҷак (ба шакли қаиқ) садама рух дода, 11 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, баъди анҷоми бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Филиппин дар Варзишгоҳи марказӣ, як гурӯҳи ҷавонон ба боғ омада, дар ин аттраксион савор шудаанд.

«Ба ин қаиқ дар як вақт якбора 24 нафар савор мешаванд ва дар ҷараёни алвонҷхӯрӣ сохтори аттраксион ба вазни зиёд тоб наоварда, шикастааст, – гуфтанд дар ВКД. – Ҳамаи осебдидагон аз ин садама айни замон дар бемористон бистарианд».

Зимнан зикр гардид, ки дар прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба таҳқиқи ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба масъулони Боғи Нишон менависад, ин аттраксион ҳудуди 20 рӯз қабл аз Чин оварда ва насб шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.