Даромади буҷети имсола ҳудуди 14 млн. сомонӣ камтар шуд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2017» ҷонибдорӣ намуд. Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, имсол даромади буҷети давлатӣ ба миқдори 13,6 млн. сомонӣ камтар мешавад. Зимни шарҳи моҳияти тағйироту иловаҳо ба вакилон, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова қайд кард, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2017» ҷонибдорӣ намуд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, имсол даромади буҷети давлатӣ ба миқдори 13,6 млн. сомонӣ камтар мешавад.

Зимни шарҳи моҳияти тағйироту иловаҳо ба вакилон, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова қайд кард, ки ҳукумат пешниҳод кардааст, шаҳрдории пойтахт барои воридоти автобусҳои мусофирбар ба маблағи умумии 51,4 млн. сомонӣ, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шавад. Маблағи аз андоз ва боҷи гумрукӣ озодшуда 12,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, ҳукумат аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти таҷҳизоти ангиографиро пешниҳод намудааст, ки барои эҳтиёҷоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ истифода шуда, маблағи аз андоз ва боҷи гумрукӣ озодшуда дар ин ҳолат 1,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки таҷҳизоти универсалии ангиографии истеҳсоли Япония 5,5 млн. сомонӣ арзиш дошта, дар беморхонаи клиникии Данғара насб хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.