Эмомалӣ Раҳмон ба Ереван раҳсипор шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари дурӯзаи корӣ ба пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван раҳсипор шуд. Ин сафар бо даъвати президенти Арманистон Серж Саргсян сурат мегирад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, вазирони рушди иқтисод, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, прокурори генералӣ, президенти Академияи илмҳо, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардори Хадамоти алоқа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арманистон 12 октябри соли 1992 роҳандозӣ шудаанд.

Барои муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон эътимоди мутақобила, мувофиқат ва ё наздикии мавқеъ оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ хос мебошанд.

Мулоқотҳои кории роҳбарони ду давлат ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба мусоидати назаррас мерасонанд. Рӯзҳои 2 – 3 апрели соли 2002 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Рӯзҳои 25 – 26 ноябри соли 2003 сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон доир гардид.

Дар рафти сафарҳои зикргардида як қатор санадҳо, ки муҳимтарини онҳо Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон ба ҳисоб меравад, инчунин, ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои ҳимояи сармоягузорӣ, илм, техника, иттилоот, сохтмон ва ҳифзи табиат ба имзо расиданд.

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 20 ҳуҷҷат ташкил медиҳад, ки онҳо масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф дарбар мегирад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Арманистон каме бештар аз 269 ҳазор долларро ташкил додааст. Соли гузашта ҳаҷми воридоти мол аз Арманистон ба Тоҷикистон 5 ҳазор доллар ва содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Арманистон беш аз 264 ҳазор долларро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...