Маоши раисони палатаҳои парлумонро президент таъин мекунад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мувофиқи тағйироти имрӯз қабулшуда ба қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ», минбаъд ҳаҷми музди меҳнати раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистонро президенти мамлакат таъин мекунад.

Ба гуфтаи вакили палатаи поёнии парлумон Амрихудои Дамдор, то имрӯз ҳаҷми маоши раисони палатаҳои парлумонро худи вакилон муқаррар мекарданд.

Бино ба маълумотҳои дарёфтии «Азия-Плюс», айни замон ҳаҷми музди меҳнати моҳонаи вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон (доимо амалкунанда) 5 ҳазор сомониро ташкил дода, тайи 5 соли ахир тағйир наёфтааст. Маоши раиси палатаи поёнии парлумон 11 ҳазор сомонӣ аст.

Шурӯъ аз соли 2000-ум парлумони Тоҷикистон аз ду палата иборат аст. Палатаи поёнӣ – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд: 22 нафари онҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Палатаи болоӣ – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 33 нафар аъзо дошта, 25 нафари онҳо аз ҷониби маҷлисҳои маҳаллӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд ва 8 аъзои боқимондаро президент таъин мекунад.

Айни замон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – Шукурҷон Зуҳуров ва раиси палатаи болоӣ – Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...