Ҳалокати одамон бар асари сӯхтор дар бинои 27-ошёнаи Лондон

Дар натиҷаи сухтор дар бинои баландошёнаи воқеъ дар қисмати ғарбии Лондон якчанд нафар ҷони худро аз даст дода, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, раҳбари хадамоти сухторнишонии Лондон Дэни Коттон рӯзи 14 июн гуфтааст, "хисороти ҷонӣ вуҷуд дорад, аммо бинобар масоҳат ва печидагии бино, ҳоло наметавонам теъдоди онҳоро таъйид кунам". Гуфта […]

Радиои Озодӣ

Дар натиҷаи сухтор дар бинои баландошёнаи воқеъ дар қисмати ғарбии Лондон якчанд нафар ҷони худро аз даст дода, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, раҳбари хадамоти сухторнишонии Лондон Дэни Коттон рӯзи 14 июн гуфтааст, "хисороти ҷонӣ вуҷуд дорад, аммо бинобар масоҳат ва печидагии бино, ҳоло наметавонам теъдоди онҳоро таъйид кунам".

Гуфта мешавад, Хадамоти ёрии таъҷилии Лондон пештар аз ин изҳор доштааст, ки беш аз 50 нафар ба бемористонҳо интиқол ёфт.

Сухтор дар Grendfell Tower саҳари рӯзи чоршанбе оғоз шуд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки сокинон дар дохили бино дармонданд ва бисёри онҳоро дар назди тирезаҳо дидан мумкин буд. Бархе дигар мегӯянд, ки шӯълаи оташро нахуст дар ошёнаи 27-ум мушоҳида карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки то ҳол сабаби сухтор маълум нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.