Маоши раисони палатаҳои парлумонро президент таъин мекунад

Мувофиқи тағйироти имрӯз қабулшуда ба қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ», минбаъд ҳаҷми музди меҳнати раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистонро президенти мамлакат таъин мекунад. Ба гуфтаи вакили палатаи поёнии парлумон Амрихудои Дамдор, то имрӯз ҳаҷми маоши раисони палатаҳои парлумонро худи вакилон муқаррар мекарданд. Бино ба маълумотҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мувофиқи тағйироти имрӯз қабулшуда ба қонун «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ», минбаъд ҳаҷми музди меҳнати раисони ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистонро президенти мамлакат таъин мекунад.

Ба гуфтаи вакили палатаи поёнии парлумон Амрихудои Дамдор, то имрӯз ҳаҷми маоши раисони палатаҳои парлумонро худи вакилон муқаррар мекарданд.

Бино ба маълумотҳои дарёфтии «Азия-Плюс», айни замон ҳаҷми музди меҳнати моҳонаи вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон (доимо амалкунанда) 5 ҳазор сомониро ташкил дода, тайи 5 соли ахир тағйир наёфтааст. Маоши раиси палатаи поёнии парлумон 11 ҳазор сомонӣ аст.

Шурӯъ аз соли 2000-ум парлумони Тоҷикистон аз ду палата иборат аст. Палатаи поёнӣ – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд: 22 нафари онҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Палатаи болоӣ – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 33 нафар аъзо дошта, 25 нафари онҳо аз ҷониби маҷлисҳои маҳаллӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд ва 8 аъзои боқимондаро президент таъин мекунад.

Айни замон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – Шукурҷон Зуҳуров ва раиси палатаи болоӣ – Маҳмадсаид Убайдуллоев мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.