Гуфтушуниди раиси вилояти Суғд бо роҳбари Дафтари САҲА

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон хонум Туула Юрёларо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни мулоқот Туула Юрёла ба Раиси вилоят маълумот дод, ки мандати навбатии САҲА дар Тоҷикистон бо қарори шӯрои кумитаи марказии ин созмон аз якуми июн дигар гардид. Аз моҳи июл мандати нави ин созмон бо тарҳу усули нави корбарӣ оғоз меёбад.

Тавре таъкид карда шуд, САҲА дар Тоҷикистон дар се самт низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқи башар фаъолияти густурдаи худро ба роҳ мондааст. Дар доираи фаъолияти низомӣ-сисёсӣ САҲА барои беҳтар гардидани қобилияти сарҳадбонӣ ҳамаҷиҳата кӯмак мерасонад. Ин аст, ки чанде қабл ба Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ба маблағи умумии 37 ҳазор евро таҷҳизоти нав тақдим карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин самт созмони мазкур ҷиҳати пешгирии терроризму ифротгароӣ мунтазам байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон ва ходимони дин чорабиниҳои маърифатӣ ташкил ва баргузор менамояд.

Дар бахши иқтисодӣ бошад САҲА асосан дар вилояти Суғд бо Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ҳамкории мутақобила дошта, як қатор лоиҳаҳоро пиёда месозад. Ҳамзамон дар доираи лоиҳаҳои экологӣ кам намудани зарари боқимондаи партовгоҳҳои радиатсионӣ самти муҳими фаъолият дар ин ҷода ба ҳисоб меравад.

Зимни мулоқот Раиси вилоят таъкид дошт, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар рушди бонизоми ҳамаи самтҳо таъмин карда мешавад. Ин аст, ки дар вилоят аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи саноат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, давоми се соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати 2 маротиба боло бурда шудааст. Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 24 субъект ба қайд гирифта шуда, айни замон 19 корхона фаъолият мебарад ва онҳо бо зиёда аз 10 давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкории судманд доранд.

Раиси вилоят ҳамзамон доир ба ислоҳоти кишоварзӣ ва таъсиси 64 ҳазор хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бонувон ба шуғли доимӣ маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои кам кардани зарари боқимондаи партовҳои радиатсионӣ як қатор табдирҳоро амалӣ намуд, ки пӯшидани болои партовгоҳи уран дар минтақаи Деҳмой ҷумлаи онҳост.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...