Мансаби нави писари роҳбари Хадамоти гумрук дар ВКД

Шоҳрух Саизода, писари сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон таъин шуд. Аз 25 феврали соли 2016 ӯ муовини сардори ин Раёсат буд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ба ин вазифа Шоҳрӯх Саидзода санаи 19 апрел таъин шуда, аммо расман танҳо имрӯз […]

Asia-Plus

Шоҳрух Саизода, писари сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон таъин шуд. Аз 25 феврали соли 2016 ӯ муовини сардори ин Раёсат буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ба ин вазифа Шоҳрӯх Саидзода санаи 19 апрел таъин шуда, аммо расман танҳо имрӯз ин маълумот расонаӣ шуд. Дар ин мансаб ӯ собиқ сардори худ Набиҷон Исозодаро иваз кардааст, ки сардори ШВКД шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шудааст.

Шоҳрух Саизода майори милитсия буда, тобистони имсол 31-сола мешавад. Ӯ узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти дастаи футболи «Истиқлол» мебошад. Ӯро ҳамчунин дӯсти наздики писари президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ медонанд.  Соҳиби ду маълумоти олӣ – иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ буда, аз соли 2012 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули кор аст.

Дар сомонаи ВКД қайд мешавад, ки барои комёбиҳо дар фаъолияти хизматӣ Шоҳрух Саидзода бо медалу ифтихорномаҳо ва барои касбияти баланд бо нишони сарисинагии «Беҳтарин корманди оперативӣ» қадрдонӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.