Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо рушди инноватсионии Арманистон

Дар рӯзи дуюми сафари расмӣ дар Арманистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (“Technology and Science Dynamics”)-и ин кишвар шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хос истиқбол гирифта, бо фаъолият ва дастовардҳои ширкат дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос намуданд. Иттилоъ дода шуд, […]

Asia-Plus

Дар рӯзи дуюми сафари расмӣ дар Арманистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (“Technology and Science Dynamics”)-и ин кишвар шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хос истиқбол гирифта, бо фаъолият ва дастовардҳои ширкат дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири илмӣ соли 1998 дар минтақаи озоди иқтисодии Арманистон таъсис ёфтааст. Он бо тадқиқотчиён, докторони илмҳои тиббӣ, номзадҳои илм, 27 ташкилоти академӣ, тиҷоратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории пурсамар дошта, корҳои тадқиқотию барномасозиро анҷом медиҳад.

Коргарону мутахассисон ва барномасозон дар бахшҳои муҳандисию технологӣ, биомуҳандисӣ, бахши судӣ-илмӣ, иктишофӣ, коркард ва тарҳрезии барномаҳои мухталиф, илмҳои компютерӣ ва дар соҳаи маориф ба тадқиқот машғул мебошанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои ин маркази иттилоотию коммуникатсионӣ дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек соядаст гузошт.

Рӯзи 15 июн баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ дар Арманистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ереван ба Ватан баргашт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.