Боздошти 28 нафар шахсони мавриди пайгарди байнулмилалӣ дар Тоҷикистон

Муддати ду ҳафта дар ҷараёни амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон 28 нафар шахсони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта боздошт ва 32 адад силоҳи оташфишон аз муомилот мусодира шуд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи аввали амалиёти махсуси «Нелегал-2017», ки аз охири май то нимаи моҳи июн доир гардид, кормандони ҳифзи ҳуқуқ 20 нафар […]

Asia-Plus

Муддати ду ҳафта дар ҷараёни амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон 28 нафар шахсони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта боздошт ва 32 адад силоҳи оташфишон аз муомилот мусодира шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар марҳилаи аввали амалиёти махсуси «Нелегал-2017», ки аз охири май то нимаи моҳи июн доир гардид, кормандони ҳифзи ҳуқуқ 20 нафар шаҳрвандони хориҷиро барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда, 32 адад силоҳи оташфишонро мусодира ва 28 нафар шахсони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордоштаро боздошт намуданд.

Қобили зикр аст, ки амалиёти «Нелегал» ҳамасола дар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ду марҳила – аввали тобистон ва тирамоҳ гузаронида мешавад.

Дар марҳилаи аввали амалиёт дар минтақаҳои Тоҷикистон тамоми ширкатҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд, аз ҷумла 55 ширкати сохтмонӣ ва 67 марказҳои бузурги савдо мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни санҷишҳои мазкур 120 ҳолати ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон бидуни риояи қонунгузории кишвар ошкор карда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.