Фурӯши ҳавопаймоҳои қиркунандаи F-15 -и ИМА ба Қатар ба маблағи 12 млрд. доллар

Миёни Қатар ва ИМА доир ба фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии қиркунандаи F-15 ба ин кишвари арабӣ ба маблағи умумии 12 млрд. доллар созишнома ба имзо расид. Бино ба маълумоти Би-Би-Си, вазири мудофиаи ИМА Ҷеймс Мэттис дар вохӯрӣ бо ҳамтои худ аз Қатар дар Вашингтон ин муомилотро ниҳоӣ кардааст. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш президенти ИМА Доналд Трамп […]

Asia-Plus

Миёни Қатар ва ИМА доир ба фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии қиркунандаи F-15 ба ин кишвари арабӣ ба маблағи умумии 12 млрд. доллар созишнома ба имзо расид.

Бино ба маълумоти Би-Би-Си, вазири мудофиаи ИМА Ҷеймс Мэттис дар вохӯрӣ бо ҳамтои худ аз Қатар дар Вашингтон ин муомилотро ниҳоӣ кардааст.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш президенти ИМА Доналд Трамп яке аз иттифоқчиёни бузурги худ – Қатарро ба маблағгузорӣ ба терроризм «дар сатҳи хеле баланд» мутттаҳам карда, ҳукуматдорони Қатар ин иттиҳомро рад карда буданд.

Қобили зикр аст, ки бузургтарин пойгоҳи низомии ҳавопаймоии ИМА дар Қатар ҷойгир шудааст, ки дар он ҳудуди 10 ҳазор нафар низомиён хизмат мекунанд. Дар ҳамлаҳои эътилоф ба мавқеъҳои Давлати ислоӣ таҳти сарвари ИМА ин пойгоҳ нақши калидӣ дорад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки охири моҳи май ИМА бо Арабистони Саудӣ дар бораи таҳвили аслиҳа ба ин кишвар ба маблағи 110 млрд. доллар созиш ҳосил карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.