Ҷангиёни ДИ истеҳкоми толибон – Тора – Бораро ишғол карданд

Ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) ғорҳои Тора-Бора дар Афғонистонро ишғол намуданд. Дар ин бора Reuters бо истинод ба сохторҳои қудратии Афғонистон хабар медиҳад. «Қаламрави атрофи ғорҳои Тора – Бора қаблан як истеҳкому такягоҳи ҳаракати «Толибон буд, ки акнун пас аз задухӯрдҳо онро ҷангиёни Давлати исломӣ ишғол карданд, – изҳор доштааст сардори пулиси маҳаллӣ Шоҳ […]

Asia-Plus

Ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) ғорҳои Тора-Бора дар Афғонистонро ишғол намуданд. Дар ин бора Reuters бо истинод ба сохторҳои қудратии Афғонистон хабар медиҳад.

«Қаламрави атрофи ғорҳои Тора – Бора қаблан як истеҳкому такягоҳи ҳаракати «Толибон буд, ки акнун пас аз задухӯрдҳо онро ҷангиёни Давлати исломӣ ишғол карданд, – изҳор доштааст сардори пулиси маҳаллӣ Шоҳ Валӣ. – Барои онҳо як истеҳкоми нав лозим буд, ки ба он соҳиб шуданд».

Хабаргузории Лента.ру менависад, маълумот дар бораи тасарруфи ғорҳо аз ҷониби ҷангиёни Давлати исломиро фармондеҳи нерӯҳои ДИ дар Афғонистон Абӯ Умар Хуросонӣ низ тасдиқ карда, гуфтааст, ҷангиён ғорҳоро тасарруф намуда, айни замон бо нерӯҳои ҳукумат меҷанганд, ки онҳоро дастаи таъиноти махсуси ИМА ва нерӯҳои низомии ҳавоии ИМА дастгирӣ мекунанд.

«Мо ба Тора – Бора ворид шудем, вале ин ҳоло охири кор нест, – иброз доштааст номбурда. – Мо қаламравҳои навро аз дасти нерӯҳои ҳукумат ва толибон кашида гирифта, зери назорати худ медарорем».

Намояндаи расмии «Толибон» Забеҳулло Муҷоҳид ин маълумотро рад карда, изҳор доштааст, ки ҳарчанд ҷангиёни Давлати исломӣ якчанд деҳа дар канори минтақаро ишғол карда бошанд ҳам, ғорҳо ҳоло ҳам дар дасти толибонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.