Ташрифи вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон ба Душанбе

Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов охири моҳи июн ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Тайи қариб 20 соли охир ин аввалин сафари вазири корҳои дохилии кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни сафар вазири корҳои дохилии кишвари ҳамсоя дар ҷаласаи Шӯрои вазирони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов охири моҳи июн ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Тайи қариб 20 соли охир ин аввалин сафари вазири корҳои дохилии кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон аст.

Дар ҷараёни сафар вазири корҳои дохилии кишвари ҳамсоя дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ ширкат хоҳад варзид, ки рӯзҳои 27-29 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Абдусалом Азизов ҳамчунин бо раҳбарияти ВКД ва мансабдорони баландпояи сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон низ дидору гуфтушунид мекунад.

Қобили зикр аст, ки бори охир вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Зокир Алматов 19 сол пеш ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Тайи 20 соли ахир мақомоти умури дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ ягон амалиёти муштарак нагузаронидаанд.

Абдусалом Азизов моҳи январи соли равон вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон таъин шуд. Қаблан ӯ дар вазифаҳои муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, роҳбари Сарраёсати умури дохилии шаҳри Тошканд кор карда, соли 2006 ногаҳон роҳбарии ширкати «Ӯзбекнефтегаз»-ро ба уҳда гирифт. Солҳои охир Азизов ба ҳайси сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷиззах ифои вазифа мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.