Навори аз Остона хориҷ шудани бомжҳо дар давраи намоиши «ЭСКПО-2017»

Дар шабакаи Интернет наворе нашр шуд, ки дар он афроди бидуни қайду ҷойи зист (бомж), ки дар давраи баргузории намоиши байнулмилалии «ЭКСПО-2017» аз пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона хориҷ шудаанд, намоиш дода мешавад. Angeff Evich ин сабтро дар саҳифаи худ дар Facebook гузоштааст. Хабаргузории Лента.ру менависад, дар навор дида мешавад, ки як қатори одамон дар […]

Asia-Plus

Дар шабакаи Интернет наворе нашр шуд, ки дар он афроди бидуни қайду ҷойи зист (бомж), ки дар давраи баргузории намоиши байнулмилалии «ЭКСПО-2017» аз пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона хориҷ шудаанд, намоиш дода мешавад. Angeff Evich ин сабтро дар саҳифаи худ дар Facebook гузоштааст.

Хабаргузории Лента.ру менависад, дар навор дида мешавад, ки як қатори одамон дар канори роҳ қарор дошта, назди онҳо кормандони пулис истодаанд.

«Ин одамонро ба берун аз ҳудуди шаҳри Остона бароварда, шояд ба вилояти Қустанай бурдаанд, – қайд мекунад блогернавис. – Миёни онҳо ман ҳатто маъберо бо асо мебинам, ана ҳамин тавр онҳо бо одамон ба мисли партов муносибат мекунанд».

Мақомоти расмӣ доир ба дарвоқеъ шахсони бидуни қайду ҷойи зист будани ин афрод ва баровардани онҳо берун аз қаламрави шаҳр ҳеҷ шарҳе надодаанд. Ҳамчунин ВАО ва блогернависон низ дар навор намоиш додани маҳз чунин ҳодисаро тасдиқ накардаанд.

Бино ба маълумоти нашрияи «Устинка плюс», дар департаменти корҳои дохилии Остона изҳор доштаанд, ки сабти мазкурро шарҳ дода наметавонанд ва тавсия додаанд, ки ба минтақае муроҷиат шавад, ки навор дар он ҷо сабт шудааст. Тибқи маълумоти мақомоти пулис, шахсони бидуни ҷойи зистро «ба маркази мутобиқгардонӣ оварда, шахсияташонро муайян ва ба хешовандонашон супурдаанд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10 июн дар пойтахти Қазоқистон намоиши байнулмилалии «ЭСКПО-2017» ифтитоҳ гардида, кори он то 10 сентябр идома меёбад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.