Табдили ярмаркаи «Суғд-2017» аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмиллалӣ

Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017” доир гардид, ки чор сол инҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар кори ярмарка беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ, намояндагон аз 10 давлати дунё ва 23 ташкилоти […]

Asia-Plus

Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017” доир гардид, ки чор сол инҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар кори ярмарка беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ, намояндагон аз 10 давлати дунё ва 23 ташкилоти байналхалқӣ ширкат варзиданд, ки аз баланд гардидани нуфузи ин чорабинӣ гувоҳӣ медиҳад.

Гуфта мешавад, ярмаркаи мазкур дар муддати кутоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмиллалӣ табдил ёфтааст, ки аз нуфузи баланди он дарак медиҳад.

Зикр мегардад, ки мақсади ташкили ярмаркаи байналхалқии савдо – ин мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни ҷомеаи соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, муштариёни эҳтимолӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ тавассути таъмини платформа барои нишон додани қобилият ва имконоти иқтисоди вилояти Суғд ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ мебошад.

Дар ярмарка инчунин намояндагони корхонаҳои саноати сабук ва бофандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ташкилотхои молиявӣ, хизматрасониҳои машваратӣ, лизинг, нақлиёт ва ҳунарҳои миллӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзида, дастовардҳои охирини худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.