«Сомон Эйр» ҳавопаймоҳои муосири Боинг 737 MAX хариданист

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ширкати Боинг дар масъалаи харидории ду адад ҳавопаймоҳои нави Боинг 737 MAX музокирот гузаронида истодааст. Муаррифии ҳавопаймои навъи мазкур ба роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳайати Директори генералӣ Томас Ҳаллам, Директори тиҷоратӣ Валиев Абдулқосим, Директори парвозӣ Гари ДеСпейн, Директори техникӣ Раҳимов Баҳодурҷон ва Роҳбари хадамоти роҳбаладон Бригитта Уэйрем дар […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ширкати Боинг дар масъалаи харидории ду адад ҳавопаймоҳои нави Боинг 737 MAX музокирот гузаронида истодааст.

Муаррифии ҳавопаймои навъи мазкур ба роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳайати Директори генералӣ Томас Ҳаллам, Директори тиҷоратӣ Валиев Абдулқосим, Директори парвозӣ Гари ДеСпейн, Директори техникӣ Раҳимов Баҳодурҷон ва Роҳбари хадамоти роҳбаладон Бригитта Уэйрем дар таърихи 15 июн дар Душанбе аз ҷониби Директори минтақавии ширкати Boeing оид ба амалиётҳои тиҷоратӣ, фурӯш ва дастгирӣ Дэниел Л. Миллер гузаронида шуд.

Ҳавопаймои нави манзургашта бештар замонавӣ буда, дар баробари ин бароҳат мебошад ва имкон дорад 200 мусофирро дар дохили ҳавопаймо ҷойгир кунад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хоҳиши худро барои харидории ду адад ҳавопаймоҳои Боинг 737 MAX баён намуд. Бино ба гуфтаҳои ҳайати роҳбарикунандаи ширкати ҳавопаймоӣ, харидории навъи мазкури ҳавопаймоҳо метавонад самти парвозҳоро зиёд намояд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Ҳоло парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.