Ҳалокати 7 нафар бар асари бархӯрди автомашинаҳо дар роҳи Кӯлоб – Душанбе

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 18 июн дар роҳи мошингарди Кӯлоб – Душанбе рух дод, 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб хабар дод, ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Восеъ рух додааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи бархӯрди ду автомашинаи сабукрав 6 нафар дар […]

Аваз Юлдашев

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 18 июн дар роҳи мошингарди Кӯлоб – Душанбе рух дод, 7 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб хабар дод, ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Восеъ рух додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи бархӯрди ду автомашинаи сабукрав 6 нафар дар ҷойи ҳодиса ва 1 нафари дигар дар бемористон ҳалок шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки 4 нафари фавтидагон сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва 3 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб буда, онҳо ҷавонони 20-24-сола будаанд. Ин ҳодиса мавриди таҳқиқи мақомоти дахлдор қарор гирифтааст.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2016 бар асари ҳодисаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 555 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.