Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти арзони кишоварзӣ пеш аз ид дар Душанбе

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар остонаи Иди Рамазон дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба кор шурӯъ намуданд.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт итминон доданд, ки ярмаркаҳо дар ҳамаи бозорҳо фаъолият дошта, қимати махсулот дар ин ярмаркаҳо 30 фоиз аз бозор арзонтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар робита ба фарорасии Иди Рамазон дастур додааст, ки дар қаламрави шаҳр ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз минтақаҳои кишвар ташкил карда шавад.

Ярмаркаҳо шурӯъ аз имрӯз, муддати се рӯз дар бозорҳои «Меҳргон» (собиқ «Пойтахт-90»), дар майдони назди бозори Қарияи Боло, бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Фаровон» ва дигар бозорҳо баргузор мешаванд.

«Ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳо, дар хаймаҳои махсус бо навиштаҷоти дахлдор кор мекунанд, вале мутаассифона, аксари харидорон ба ин чиз таваҷҷуҳ накарда, аз худи бозор маҳсулот мехаранд ва сипас мегӯянд, ки нархи ярмарка аз бозор фарқ надорад, – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ. – Масалан, имрӯз дар ярмаркаи назди бозори «Шоҳмансур» килои бодиринг 1,5 сомонӣ ва дар худи бозор – 2,5 сомонӣ нарх дошт».

Ёдрас мекунем, ки имсол дар Тоҷикистон Иди Рамазон санаи 26 июн ҷашн гирифта мешавад. Маъмулан чанд рӯз пеш аз ид дар ҳамаи бозорҳои кишвар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ якбора боло меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...