Таъмини аҳолии пойтахт бо оби тозаи нӯшокӣ беҳтар шуд

Дафтариматбуоти шаҳрдории Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расман ба ифтитоҳи истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкунии "Худҷореъшаванда"-и КВД "Обу корези Душанбе" заминагузорӣ кард, ки мавриди таъмиру навсозӣ қарор дошт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади  аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ оғоз гардида буд. Иқтидори истеҳсолии иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор аҳолии шаҳрро қонеъ мекунад.

Сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади  аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ оғоз гардида буд. Маблағи умумии лоиҳа 5 миллиону 970 ҳазор доллари ИМА буда, аз ин ҳисоб 1,32 миллион долларро ҳиссаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва боқиро гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ширкати «Шимбар»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сифати баланд ва дар мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ  анҷом дода шудааст.

Дар коркарду безараргардонии оби барои муштариён интиқолшаванда, коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ дорад. Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори лозимаи  гипохлориди натрий – маҳлул барои безараргардонии оби ошомиданӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар ҷараёни боздид аз иншоот раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин ба сохтмони марҳилаи дуюми истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкугнии "Худҷореъшаванда" низ санги асос гузошт.

Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюм моҳи июли соли ҷорӣ ба роҳ монда мешавнад.  Иқтидори лоиҳавии марҳилаи дуюм 150 ҳазор мукааб метр оби тоза буда, баъди анҷоми қисмати дуюм истеҳсоли умумии оби тоза дар як шабонарӯз ба 300 ҳазор мукааб метр расонда мешавад, ки дар натиҷаи он аҳолии шаҳри Душанбе пурра бо оби тозаи безарар таъмин мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...