Се қаллоб барои фиреби маъюбони Ҳисору Нуробод маҳкум шуданд

Date:

Суди шаҳри Душанбе нисбати се нафар ба иттиҳоми қаллобӣ, ки маъбонро фиреб мекардаанд, ҳукм содир намуд.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии ҶТ, шаҳрвандон Саёҳат Соҳибназарова, Маҳмудҷон Носиров ва Билолиддин Мудинов ба боварии маъбон аз ноҳияҳои Ҳисор ва Нуробод даромада, бо ваъдаи таъмини манзил дар Душанбе ба онҳо, дар маҷмӯъ ҳудуди 196,7 ҳазор сомонӣ пулҳояшонро азхуд карда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф кардаанд.

Гуфта мешавад, онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) гунаҳкор эътироф гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки бо ҳукми суди шаҳри Душанбе судшавандагон Соҳибназарова С.М., Носиров М.У. ва Мудинов Б.Н. бо моддаҳои дар боло қайд гардида гунаҳгор дониста шуда, Соҳибназарова С.М. ба муҳлати 11 сол, Носиров М.У. ба  муҳлати 10 сол ва Мудинов Б.Н. ба  муҳлати  9 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...