АНОНС
– Дар Остона (Қазоқистон) мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи Президенти Қазоқистон оид ба самбо доир мегардад. Тоҷикистонро дар он Ҳамроз Раҷабов намояндагӣ мекунад;
– Даври 4-уми мусобиқаи байнулмилалии футболи «CAFA U-15 Boys Tournament 2017» дар Ҳисор. Бозиҳо: 18.00. Афғонистон – Туркманистон, 21:00 Тоҷикистон – Қирғизистон.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8127 сомонӣ;
1 евро – 10.0333 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1441 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1925 – Дар ноҳияи Ҷиликӯл ҷамъияти аввалини шарикӣ оид ба масоили об кушода шуд.
1993 – Дар Хуҷанд корхонаи муштараки тоҷику амрикоии «Сано» оид ба дӯхтани сарулибос боз шуд.
2003 – ҶТ ва МАГАТЭ «Дар бораи кафолат дар робита ба шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ» созишнома ва протоколи иловагӣ ба ин созишномаро ба имзо расониданд.
2013 — Уламои Маркази исломии Тоҷикистон нисбат ба ҳомиладоршавӣ (бордоршавӣ)-и сунъӣ барои мусалмонони тоҷик фатво содир намуданд.
1942 – Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Турдихон Бердиева.
1969 – Мавлуди фолклоршинос Саъдӣ Қосимӣ.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +25+30.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +39+44; дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +29+34; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +14+19.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +40+42.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +40+42.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +40+42.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.




