Омодагирии бахши ӯзбекии Би-би-сӣ ба эҳёи кор дар Ӯзбекистон

Бахши ӯзбекии Би-би-сӣ, мақарраш дар шаҳри Лондон эълон кард, ки баъди чанд муддати танаффус ба эҳёи кори намояндагияш дар Ӯзбекистон омодагӣ мебинад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, он барои пайдо кардани хабарнигорон, ки қарор аст дар Ӯзбекистон кор кунанд, озмун эълом кардааст. "Мо аз рӯзноманигорони худ эҷодкорӣ, ҷустуҷӯи мавзуъҳои нав, қобилияти муколама […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бахши ӯзбекии Би-би-сӣ, мақарраш дар шаҳри Лондон эълон кард, ки баъди чанд муддати танаффус ба эҳёи кори намояндагияш дар Ӯзбекистон омодагӣ мебинад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, он барои пайдо кардани хабарнигорон, ки қарор аст дар Ӯзбекистон кор кунанд, озмун эълом кардааст.

"Мо аз рӯзноманигорони худ эҷодкорӣ, ҷустуҷӯи мавзуъҳои нав, қобилияти муколама бо намояндагони бахшҳои гуногун ва омодагӣ ба сафари кишварҳои мухталифро интизор дорем. Бюрои хабарнигорони Тошканд хабару ҳодисаҳои Ӯзбекистонро на танҳо барои ӯзбекистониҳо, балки барои хонандагону шунавандаҳои тамоми дунё бозтоб хоҳад дод", – навиштааст сомонаи Бахши ӯзбекии Би-би-сӣ.

Ҷузъиёти дигари дубора ба роҳ мондани фаъолияти намояндагии ин расонаи Бритониё дар Ӯзбекистон, аз ҷумла санаи ифтитоҳи он дар Тошканд ҳанӯз маълум нест.

Ёдрас мешавем, баъди ҳодисаҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 дафтарҳои Би-би-сӣ ва Радиои Озодӣ дар Ӯзбекистон баста шуданд. Рӯзноманигорони онҳо маҷбур гаштанд, ки кори худро дар хориҷ аз кишвар идома диҳанд.

Пас аз ҳодисаҳои Андиҷон дар баробари хабарнигорони расонаҳои ғарбӣ, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, ки фарзияи расмии ҳаводисро интиқод карданд, аз кишвар ронда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.