Нигаронии Тоҷикистон аз фаъолияти ҲНИТ дар хориҷи кишвар

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф дар хориҷ, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо ба амнияти кишвар хатар дорад, иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ. "Ҳамон тавре ки чанд соли пеш гуфта будам, боз ҳам мегӯям, бояд давлат, халқ ва ҳизбу ҳаракатҳои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф дар хориҷ, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо ба амнияти кишвар хатар дорад, иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.

"Ҳамон тавре ки чанд соли пеш гуфта будам, боз ҳам мегӯям, бояд давлат, халқ ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии Тоҷикистон дар баробари ин ҳаракат аз эҳтиёт кор гиранд”, – гуфт Сафаров.

Рӯзи 9-уми июл дар шаҳри Дортмунди Олмон як ҳамоиши мухолифини тоҷик бахшида ба солгарди 20-уми имзои созишномаи сулҳ баргузор шуд. Дар он раҳбари ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, намояндагони “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ карданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода — муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро ба иттиҳоми даст доштан дар он рӯйдод, қатъ ва онро созмони террористӣ эълон кард. Фаъолияти “Гурӯҳи 24” ҳам дар қаламрави кишвар расман манъ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.