МТС изҳор мекунад, ки аз уҳдаи пардохти қарзи хориҷӣ мебароем

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Фарида Муъминова бар ин назар аст, ки мушкили хизматгузорӣ ба пардохти қарзи берунаи Тоҷикистон торафт камтар мешавад. «Аз ҳисоби қарзҳо Тоҷикистон барои рушди зербино зиёд маблағгузорӣ кард ва минбаъд ин захираҳо барои баргардонидани қарзҳо кор мекунанд», – гуфт Муъминова зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе. Ӯ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Фарида Муъминова бар ин назар аст, ки мушкили хизматгузорӣ ба пардохти қарзи берунаи Тоҷикистон торафт камтар мешавад.

«Аз ҳисоби қарзҳо Тоҷикистон барои рушди зербино зиёд маблағгузорӣ кард ва минбаъд ин захираҳо барои баргардонидани қарзҳо кор мекунанд», – гуфт Муъминова зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки қисмате аз қарзҳо, бахусус қарзҳо аз ҷониби Чин ба муҳайё сохтани зерсохтори беҳтар равона гардидаанд, ки он манфиат оварда, хароҷоти нақлиётро коҳиш медиҳад ва мутаносибан ҳаҷми боркашонӣ афзуда, ба буҷети давлатӣ воридоти маблағҳо бештар мешавад.

Муъминова таъкид дошт, ки дар чаҳорчӯби нишондиҳандаҳои меъёрӣ ҳадди ниҳоии қарзи хориҷӣ 40% аз ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муқаррар шуда, «алҳол мо каме барои қарзгирӣ имкон дорем, вале дарк кардан зарур аст, ки қарзгирӣ бояд асоснок буда, аз он натиҷае ҳосил шавад».

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон ҳудуди 2,3 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ба 32,7% аз ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ 2 млрд. 107,8 млн. доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 23,3 млн. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои корхонаҳои давлатие, ки кафолати ҳукуматро надоранд, ба 31,5 млн. доллар баробар аст.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон 121,6 млн. долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла 108 млн. доллар – ба Хазинаи байнулмилалии асъор, 9 млн. доллар – ба Чин ва боз 4,6 млн. доллар – ба Бонки исломии рушд.

То охири сол Тоҷикистон ният дорад, ки аз сарчашмаҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 215 млн. доллар маблағгузорӣ ҷалб намояд. Дар ҳамин ҳол, барои пардохти қарзи беруна равона кардани ҳамагӣ ҳудуди 140 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин мебошад, ки беш аз нисфи қарз аз ҳаҷми умумӣ ба он рост омада, ҳаҷми он наздики 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ – 294 млн. доллар, Бонки осиёгии рушд – 225 млн. доллар, Бонки исломии рушд – 110 млн. доллар ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 108 млн. доллар қарздор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.