Сохтмони нерӯгоҳҳои Қирғизистонро сармоягузорони чех ба уҳда гирифтанд

Ҳукумати Қирғизистон бо ширкати чехии Liglass Trading CZ s.r.o дар мавриди сохта ва ба истифода додани силсиланерӯгоҳҳои Норини болоӣ ва як қатор нерӯгоҳҳои хурд дар ин кишвар созишномаеро ба имзо расонид. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин созишнома дар ҳузури президент Алмосбек Отамбоев имзо шуда, бар пояи он, ширкати чехӣ бояд дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳукумати Қирғизистон бо ширкати чехии Liglass Trading CZ s.r.o дар мавриди сохта ва ба истифода додани силсиланерӯгоҳҳои Норини болоӣ ва як қатор нерӯгоҳҳои хурд дар ин кишвар созишномаеро ба имзо расонид.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин созишнома дар ҳузури президент Алмосбек Отамбоев имзо шуда, бар пояи он, ширкати чехӣ бояд дар Қирғизистон нерӯгоҳҳои Оқбулун ва Норинро ҳамроҳ бо 10 нерӯгоҳи хурд сохта, ба истифода диҳад.

Ширкати Liglass Trading CZ s.r.o бояд ба будҷаи ҶСП "Нерӯгоҳҳои Норини болоӣ" 37 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад. Шарҳ дода шудааст, ки ин маблағ барои иҷрои раванди интиқоли 50%-и саҳмияҳои ҷониби Русия дар ҶСП "Нерӯгоҳҳои Норини болоӣ" ба ҳисоби ширкати чехӣ лозим аст.

Отамбоев ҳини имзои созишнома қайд кард, ки "сарозер шудани сармояҳои бузурги хусусӣ аз Аврупо ба ҷалби сармоягузорони нерӯманд аз саросари ҷаҳон ба кишвар кӯмак хоҳад кард, ки Қирғизистон омодагии худро барои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои онҳо дар иҷрои босамари тарҳҳои муштарак ва пешбурди тиҷорат эълом кардааст".

Пештар Русия аз иҷрои созишнома дар бораи бунёди нерӯгоҳҳои Норини болоӣ даст кашида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.