Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Президенти Тоҷикистон Эмолмалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ» машварат баргузор мекунад. Чорабинӣ дар «Кохи Борбад» доир мегардад. Оғоз соати 10:00; – Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт дар мавзӯи «1000 рӯзи оғози ҳаёт – асоси рушди миллат» форум доир мегардад. Дар ҷараёни кори […]

Asia-Plus

АНОНС

– Президенти Тоҷикистон Эмолмалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ» машварат баргузор мекунад. Чорабинӣ дар «Кохи Борбад» доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

– Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт дар мавзӯи «1000 рӯзи оғози ҳаёт – асоси рушди миллат» форум доир мегардад. Дар ҷараёни кори форум доир ба натиҷаҳои таҳқиқоти миллии «Арзёбии ғизои модарону кӯдакон» дар соли 2016 маълумот дода мешавад;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 нишасти хабарии Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон барпо мешавад. Оғоз соати 09:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8187 сомонӣ;

1 евро – 10.0410 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1436 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2003 – Мутобиқи Созишнома миёни ҶТ ва БРСММ дар Тоҷикистон Марказ оид ба масоили мина ташкил гардид.

2009 — Дар ҷараёни амалиёти безараргардонии гурӯҳи мусаллаҳона дар ноҳияи Тавилдара собиқ фармондеҳи ИНОТ, собиқ раиси Кумитаи ҲФ ва МГ Тоҷикистон Мирзо Зиёев кушта шуд.

2009 — Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи санҷиши чароғҳои каммасраф ба кор даромад.

2013 — Ифтитоҳи Маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси судӣ-тиббӣ.

1911-1989 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Пир Садиров.

1942 – Мавлуди раққоса, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гавҳар Мирҷумъаева.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +40+45; дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +16+21, рӯзона +30+35; дар шарқ шабона +5+10, рӯзона +17+22.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +42+44.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +31+33.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.