Қаноатмандии стратегҳои тоҷик аз сатҳи муносибот бо Эрон

Раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон вазъи ҳозираи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро ба таври кофӣ қаноатбахш мешуморад. “Наметавонам бигӯям, ки муносибатҳои мо бо Эрон бад аст. Олӣ ҳам нест. Вале муносибатҳои мо ба таври кофӣ қаноатбахш буда, мухолифатҳои шадиди мушкил вуҷуд надоранд”, – гуфт муовини директори Марказ Сайфулло Сафаров. Ӯ қайд кард, ки ахиран […]

Asia-Plus

Раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон вазъи ҳозираи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро ба таври кофӣ қаноатбахш мешуморад.

“Наметавонам бигӯям, ки муносибатҳои мо бо Эрон бад аст. Олӣ ҳам нест. Вале муносибатҳои мо ба таври кофӣ қаноатбахш буда, мухолифатҳои шадиди мушкил вуҷуд надоранд”, – гуфт муовини директори Марказ Сайфулло Сафаров.

Ӯ қайд кард, ки ахиран дар муносибатҳои миёни Тоҷикистону Эрон каме таназзул ба мушоҳида мерасад, ки “табиист ва баъди муносибатҳои хеле хуб миёни давлатҳо маъмулан каме таназзул ба вуҷуд меояд”.

Қобили зикр аст, ки бархе ба каме сардӣ гароидани муносибатҳои Тоҷикистону Эронро ба он марбут медонанд, ки Эрон мухолифи асосии сиёсии ҳукумати ҳозира – раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро дастгирӣ мекунад.

Моҳи декабри соли 2015 Кабирӣ ба конфронси “Ваҳдати исломӣ” ба Эрон даъват шуда буд, гарчанде то ин замон фаъолияти ҳизби ӯ дар Тоҷикистон манъ гардида, он ифротгарову терррористӣ эълон шуда буд. Худи Кабирӣ тариқи Интерпол мавриди пайгард қарор гирифта буд.

Дар посух ба даъвати Кабирӣ ҳукуматдорони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони эронӣ, аз ҷумла доир ба вуруди баъзе маҳсулот таҳримҳо ҷорӣ карданд. Ҳамчунин фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон боздошта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.