«Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба Хоруғ барқарор кард

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар бораи барқарор шудани парвози мунтазам тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе – Хоруғ маълумот дод. Парвоз тариқи хатсайри мазкур аз 7 июл барқарор шуда, парвоз аз Душанбе ба Хоруғ ҳамарӯза соати 07:00-и субҳ сурат мегирад. Вақти парвоз 1 соату 15 дақиқа тӯл кашида, нархи ҳадди ақали билет ба он – 680 […]

Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар бораи барқарор шудани парвози мунтазам тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе – Хоруғ маълумот дод.

Парвоз тариқи хатсайри мазкур аз 7 июл барқарор шуда, парвоз аз Душанбе ба Хоруғ ҳамарӯза соати 07:00-и субҳ сурат мегирад. Вақти парвоз 1 соату 15 дақиқа тӯл кашида, нархи ҳадди ақали билет ба он – 680 сомонӣ аст.

Ба гуфтаи директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов, баъди анҷоми корҳои таъмиру таҷдид ҳавопаймои Ан-28 пурра ба иҷрои парвозҳо омода шуда, дар сурати зарурат, ширкат метавонад шумори парвозҳои ба ин самтро то се парвоз дар як рӯз зиёд кунад ва иҷрои парвозҳои иловагӣ ба талабот ва шумори мусофирон вобаста аст.

Ҳамчунин дар ширкат иттилоъ доданд, ки парвоз ба ин самт барои кӯдакони синни то 5-сола бепул ва кӯдакони синни аз 5 то 12-сола 50% аз арзиши билетро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба Қирғизистон (Бишкек), Қазоқистон (Алмаато), Эрон (Теҳрон), Ҳиндустон (Деҳлӣ) ва Федератсияи Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Новосибирск) анҷом медиҳад.

Барои анҷоми парвозҳои мазкур тариқи хатсайрҳои маҳаллӣ ва байнулмилалӣ аз ҳавопаймоҳои навъҳои Boeing 767–300, Boeing 757–200, Boeing 737–300, Ан – 28 ва ҳамчунин чархболи Ми–8 истифода мешавад.

Дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ ҳамчунин зикр карданд, ки дар сурати саволе пайдо шудан аз ҷониби мусофирон, мутахассисони ширкат барои посух ба онҳо ва ҳалли мушкилоту тарҳрезии сафари мусофирон омодаанд.

Рақами шабонарӯзӣ фаъоли маркази маълумотномадиҳӣ (Call)-и “Тоҷик Эйр”– (+992) 905 100 200;

Телефони нуқтаи фурӯши билетҳои “Тоҷик Эйр”: (+992 48) 701 50 42.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.