САҲА хостори таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст

Иттилоияи расмӣ

Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов вохӯрд.

Тавре дар иттилои интишоршуда аз ҷониби САҲА қайд мешавад, ҳангоми вохӯрӣ Сафир Юрёля оид ба тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдили Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» аз 1 июли соли 2017, ки тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА № 1251 пешбинӣ шуда буд, иттилоъ дод.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов ва Сафир Юрёля оид ба дурнамоӣ ва авлавиятҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби мандати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табодули назар карданд. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки дастгирии Тоҷикистон аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҳоло ҳам бамаврид аст.  

Сафир Юрёля қайд намуд, ки ҳангоми банақшагирии барномаҳои ояндаи Дафтар авлавиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили бехатарии марзҳо, рушди устувори иқтисодӣ ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатие, ки аз муҳоҷират бармегарданд, бояд ба назар гирифта шаванд.

Ӯ таъкид кард, ки Дафтари барномаҳо хоҳон аст, ки  имкониятҳои навро барои таҳкими ҳамкорӣ омӯзад, то иштироки кишвари мизбонро дар татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои Дафтар таъмин намояд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...