Зери об мондани 19 хонаи истиқоматӣ дар Дарвоз

Бар асари селе, ки аз қаламрави Афғонистон ворид шуд, дар як рустои ноҳияи Дарвоз 19 хонаро зери об монд. Дар вулусволии Шикайи ноҳияи Дарвози Афғонистон ин сел 4 нафарро ҳалок карда, 7 тани дигар аз он захм бардоштанд. Рӯзи 8-уми июли соли 2017 дар рустои Хостав, ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз 19 хонаи истиқоматӣ зери об […]

Маркази матбуоти КҲФ ВА МГ Тоҷикистон

Бар асари селе, ки аз қаламрави Афғонистон ворид шуд, дар як рустои ноҳияи Дарвоз 19 хонаро зери об монд. Дар вулусволии Шикайи ноҳияи Дарвози Афғонистон ин сел 4 нафарро ҳалок карда, 7 тани дигар аз он захм бардоштанд.

Рӯзи 8-уми июли соли 2017 дар рустои Хостав, ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз 19 хонаи истиқоматӣ зери об монд. Ҳудудан 800 метр роҳ дар 319 километраи шоҳрои Душанбе-Хоруғ низ зери об монд, ҳаракати мошинҳо ба ду самт мутаваққиф гардид.

Ин сели азим рӯзи 8-уми июл, соати 16:30 дақиқа бар асари борони шадид дар қаламрави ҳаммарз бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон омад.

Бо дастури Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  8-уми июл гуруҳи фаврӣ таҳти сарпарастии муовини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода ба ноҳияи Дарвоз арфт, то вазъро дар ҷояш арзёбӣ ва ба зарардидагон кӯмаки ҳамаҷониба расонад.

Ба муҷарради расидан ба маҳалли офат якҷо бо раиси ноҳия С.Абдуназаров бо зарардидагон мулоқот доир шуд. Ҳамаи онҳо ба ҷойи амну бехатар интиқол дода шуданд ва дар айни замон бо ғизои гарм таъмин карда мешавад. Ситоди доимамалкунанда созмон дода шуд. Масъалаи кӯмакҳои аввалияи ба зарардигаон аз офат дар садади ҳал шудан аст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба фаъолият оғоз кард. Баъди анҷоми кори Комисия миқдори зарари расида муайян ва эълон мешавад.

Ҳоло барои роҳандозии корҳои барқарорсозӣ, тоза кардани роҳи масдудшуда техники вижаи хадамоти техникии вазорати нақлиёт ҷалб карда шудааст. Корҳои тоза кардани садди зидди сел шуруъ шудаанд, корҳои соҳилбандӣ идома доранд.

Сели азим ҳарчанд хонаҳои мардумро зери об мононд, вале он талафоти ҷонӣ надошт.

Дар айни замон коҳиши тадриҷии сатҳи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ба мушоҳида мерасад. Қитъаи 300-метр роҳи мошингард ҳамоно зери об мемонад.

Маврид ба ёдоврист, ки Хостав яке аз рустоҳои калонтарин дар ноҳияи Дарвоз аст, ки бештар аз 80 хонавода дар он ҳаёт ба сар мебаранд. Ин русто 55 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷойгир аст. Бино ба гуфтаи сокинон ин рӯйдод бист сол пеш ҳам рух дода буд. Соли 1990 сели азиме аз қаламрави Афғонистон омада ба ин деҳа зарар расонда буд.

Дар ҳамин ҳол аз ҳалокати 4 нафар ва захмӣ гаштани 7 нафар дар вулуволии Шикайи ноҳияи Дарвози Афғонистон, ки сели азим аз он ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудааст, хабар дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.